Ассотсиатсияи мутахассисон ва ташкилотҳои хизматрасонии лабораторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TajLab) ва Ассотсиатсияи лабораторияҳои Гурҷистон (GeLab) Ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд, ки ба рушди ҳамкории касбӣ, мубодилаи таҷриба ва тақвияти шарикии байналмилалӣ дар хизматрасонии лабораторӣ нигаронида шудааст.
Ин созишнома имкониятҳои навро барои татбиқи муштараки ташаббусҳои таълимӣ ва касбӣ, ҷорӣ намудани равишҳои муосир ва беҳтар кардани сифати фаъолияти лабораторӣ фароҳам меорад.
Имзои Ёддошти тафоҳум як қадами муҳим дар самти густариши ҳамкории байналмилалӣ ва тақвияти робитаҳои касбӣ байни мутахассисони ду кишвар мебошад.